13 Октябр 2025 - 14:24
Source: ABNA
Қатар: Баррасии мавзӯъҳои печида дар музокироти Ғазза ба оянда мавқуф гузошта шудааст

Нахуствазири Қатар ба мавқуф гузошта шудани баррасии мавзӯъҳои печида дар ҷараёни музокирот миёни Ҳамос ва режими саҳюнистӣ ба оянда, ишора кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Маон, Муҳаммад бин Абдурраҳмон Оли Сонӣ, нахуствазири Қатар таъкид кард, ки кишварҳои миёнҷӣ тасмим гирифтанд баррасии мавзӯъҳои печидаро дар ҷараёни музокироти Ғазза ба баъд мавқуф гузоранд.

Вай афзуд, ин иқдом дар сояи адами омодагии тарафҳои зирабт барои баррасии ин масоил дар шароити кунунӣ сурат гирифтааст.

Нахуствазири Қатар дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Ню-Йорк Таймс" гуфт: Кӯшиш барои анҷоми музокироти фарогир аз ҳамон ибтидо, боис мешуд ҳамин пешрафти кунунӣ низ ҳосил нашавад. Бояд барои баррасии мавзӯъҳои мухталиф ба сурати гом ба гом ҳаракат кард.

Вай баён кард: Яке аз саволҳои аслӣ, ки матраҳ мешавад, ояндаи силоҳи Ҳамос аст. Гоми баъдӣ низ бояд дар ростои ташкили нерӯи байналмилалӣ дар Ғазза бошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha